Марҳилаи чоруми барнома
Марҳилаи чоруми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ»
Маблағи умумии Лоиҳа 5,0 млн. доллари ИМА мебошад, аз ҷумла:
- гранти ҳукумати Олмон (KfW) - 4,4 млн. доллари ИМА;
- ҳиссаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон - 0,5 млн. доллари ИМА;
- дигар манбаъҳо (ҳиссаи аҳолӣ) - 0,1 млн. доллари ИМА.
Оғози лоиҳа: 01 июли соли 2018. Анҷоми лоиҳа: 31 декабри соли 2020.
Марҳилаи чоруми барнома 12 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлонро фаро гирифтааст:
1. Абдураҳмони Ҷомӣ
2. Кушониён
3. Хуросон
4. Вахш
5. Восеъ
6. Данғара
7. Балҷувон
8. Муъминобод
9. Ш.Шоҳин
10. Ховалинг
11. Левакант
12. Кӯлоб
Мақсади Лоиҳа - беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии 12 шаҳру ноҳияи фарогири вилояти Хатлон бо роҳи сохтмони биноҳои нави мактабӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоту инфрасохтори аввалиндараҷа ва омӯзиши аъзои ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон дар мактабҳои лоиҳавӣ мебошад.
Дар доираи амалишавии Лоиҳа иҷрои вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст:
a. ба ҳисоби миёна сохтмони 12 бинои мактабии дорои 6, 8 ва 10 синфхона бо назардошти тадбирҳои баландбардории самаранокии энергетикии биноҳои нави таълимӣ;
b. муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои нав бо мебели мустаҳками босифат;
c. таъмини мактабҳои фарогири Лоиҳа бо қувваи барқ ва бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ;
d. сохтмони нуқтаҳои санитарии ба талаботҳои лоиҳавӣ ҷавобгӯ дар мактабҳои фарогири Лоиҳа;
e. дар сурати зарурат таъмин намудан бо биноҳои технологӣ, яъне синфхонаҳои таълими меҳнат ҷиҳати додани имконият барои тайёрии касбӣ дар мактабҳои лоиҳавӣ;
f. омўзиши ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон (АВО) ва ҷамоа, баланд бардоштани малакаи беҳдошт байни хонандагон, инчунин баргузор намудани дигар чорабиниҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани таҷрибаи кории кормандони БМИМТ;
g. хизматрасониҳои машваратӣ, ки бо мақсади дастгирии БМИМТ дар амалигардонии Лоиҳа анҷом дода мешаванд;
h. маблағгузории ҳиссаи хароҷотҳо, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои иҷрокунандаи Лоиҳа (БМИМТ) ба вуҷуд меоянд.
Қабл аз оғози татбиқи лоиҳаҳои мактабӣ дар доираи марҳилаи чоруми Барнома рӯйхати муассисаҳои таълимии интихобшуда бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Олмонии Рушд (KfW) мувофиқа шудааст.