Таърих
Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ)
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 1997 №55 Фонди иҷтимоию инвеститсионии Тоҷикистон (ТАСИФ) таъсис ёфта, баъд аз анҷоми татбиқи Лоиҳаи таҷрибавӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар оғози иҷрои Лоиҳаи дуюм оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2002 №67 ба Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) табдил дода шудааст.
БМИМТ сохтори мустақил, аз ҷиҳати ташкили башардӯстона буда, бо мақсади барқарор сохтан ва инкишоф додани иншоотҳои инфрасохтори иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар маҳал бо иштироки шаҳрвандон, татбиқи барномаи маблағгузории хурд ва ривоҷи имкониятҳои институтсионалии ҷамъиятҳо дар ҷойҳо, ки аз ҷониби институтҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳамчунин ҳамоҳангсозии барномаҳое, ки дар чорчӯбаи лоиҳаҳои онҳо аз тарафи созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалии ғайриҳукуматӣ татбиқ мегардад, мусоидат менамояд.
БМИМТ дар фаъолияти худ аз рӯи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалию ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва тасдиқ гардидаанд, расмиёти институтҳои байналмилалии молиявӣ, донорҳо, Дастури амалиётӣ ва Низомномаи худ амал мекунад.
Фаъолияти БМИМТ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути намояндагиҳои БМИМТ дар минтақаҳо паҳн гардида, бо назардошти талабот намояндагии БМИМТ дар шаҳри Душанбе (солҳои 1998-2007), Хуҷанд (солҳои 1998-2007) ва Хоруғ (солҳои 1999-2007) мавҷуд буданд. Ба ҳолати имрӯза намояндагиҳои БМИМТ дар шаҳрҳои Қурғонтеппа (аз соли 1999 то ҳол), дар шаҳри Кӯлоб (аз соли 1998 то ҳол) ва ноҳияи Рашт (аз солҳои 2002-2007 то ҳол) фаолият доранд.
Солҳои 1997-2002 Лоиҳаи таҷрибавӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2002-2006 Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи БМИМТ татбиқ шудаанд.
Лоиҳаҳои номбурда асосан бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои Ассосиатсияи байналмилалии рушди Бонки Ҷаҳонӣ таъмин шуда, ҷиҳати тақвият бахшидан ба таъсирнокии Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати рушди байналмиллалии Бритониёи Кабир (DFID) маблағҳои грантӣ равона шуда буд.
Аз соли 2005 дар доираи ҳамкориҳои молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон татбиқи Барномаи Фондҳои ҷамоавӣ барои рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ” оғоз шуда, то соли 2009 марҳилаи якум ва аз соли 2009 то 2013 амалӣ шудааст. Муҳлати амалишавии марҳилаи сеюми барномаи номбурда аз соли 2014 то соли 2018 мебошад. Марҳилаҳои якуми барнома 14 ноҳия, марҳилаи дуюми барнома 20 ноҳия ва марҳилаи сеюми барнома дар 14 ноҳияи минтақаи вилояти Хатлон амалӣ мегарданд.
Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд (KfW) аз 16 январи соли 2013 ва Созишномаи махсус байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2013 амалӣ шуда истодааст. Барномаи мазкур ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тоҷикободро дар бар мегирад.
Барои фаъолияти пурсамараш бо ҷамоаҳо БМИМТ дар Конвенсияи чоруми байналмиллалӣ оид ба сифат – Женева 2003, аз ҷониби Кумитаи байналмиллалии интихоби самтҳои ташаббусҳои соҳибкорӣ (B.I.D) ба мукофоти “Асри сифат” дараҷаи тиллоӣ ноил гардидааст.
