Мақсад ва вазифаҳои БМИМТ
Мақсади асосии БМИМТ инҳоянд:
- барқароркунии иншоотҳои инфраструктураи иҷтимои тавассути маблағгузори кардани лоиҳаҳои ҷамъияти, дар асоси доими зиёд намудани даромади табақаҳои камбизоаттарини аҳоли ва осон гардондани истифодабарии онҳо аз манфиатҳои асосии иқтисодию иҷтимои бо роҳи дастгири намудани шаклҳои гуногуни барномаҳои иҷтимои;
- мусоидат намудан дар ҳалли проблемаҳои камбизоати тавассути ба вуҷуд овардани ҷойҳои иловагии кори, ба кор ҷалб кардани табақаҳои иҷтимоии камбизоаттарини аҳоли дар шароити иқтисоди бозори барои беҳтар кардани шароити моддии онҳо;
- мусоидат намудан дар баланд бардоштани фаъолнокии мардум баҳри ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодии аҳамияти маҳалли дошта;
- таъмини шароит барои бунёд кардан, барқарор намудан ва инкишофи инфраструктураҳои иҷтимоии маҳалли чун омили баланд бардоштани сатҳи зиндаги ва аз он баҳравар гаштани табақаи камбизоати аҳолии деҳоту шаҳр;
- ҳавасманд гардонии иштироки ташкилотҳои пудрати дар иҷрои корҳои барқароркуни ва инкишофи инфраструктураҳои маҳаллии иҷтимои;
- таъмини чорабиниҳое, ки дорои хусусиятҳои иҷтимоиянд ва аз ҷониби шахсони алоҳида, оилаҳо, хоҷагиҳои деҳқони, корхонаҳои хурд ва дигар шахсони ҳуқуқи иҷро карда мешаванд ва ба тавсеа ёфтани фаъолияти соҳибкори ҳавасманданд;
- кӯмаки техники ва амали расондан, маслиҳат додан ба ташкилотҳои ғайридавлати ва хусуси дар таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои ҷамъияти;
- ташкил намудан ва инкишоф додани малакаҳои кори дар шароити иқтисоди бозори дар ташкилотҳои маҳалли ва хусусие, ки бо татбиқи лоиҳаҳои ҷамъияти алоқаманданд ва дорои хусусиятҳои иҷтимои мебошанд.
Барои ба ин мақсадҳо расидан БМИМТ чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:
- ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кори тавассути маблағгузории лоиҳаҳои ҷамъиятие, ки аз ҷониби ташкилотҳои сохтмонии дар озмун-савдо интихобгашта дар амал татбиқ карда мешаванд ва барои иҷрои корҳо ҷалб намудани онҳо;
- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои ҷамъияти дар маҳалҳо дар муддати чаҳор сол ҷиҳати барқарор кардани иншоотҳои асосии инфраструктураи иҷтимои ва хадамоти иқтисодию иҷтимои;
- пешниҳод намудани маблағгузориҳои хурд дар шакли додани қарзҳои хурд, мониторинг, бо кӯмаки техники таъмин намудани ташкилотҳои маҳалли бо мақсади зиёд намудани даромади табақаи камбизоати аҳоли;
- инкишофи имкондорноки дар сатҳи милли ва маҳалли барои ҷалб кардани шумораи зиёди иштирокчиён дар иҷрои барномаҳои гуногуни паст кардани сатҳи камбизоати;
- баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аъзои ҷамъиятҳо тавассути маблағгузори, ки барои барқарор намудани инфраструктураҳои хурди иқтисоди ва иҷтимои равона шудааст;
- рушди институтсионалии шарикони БМИМТ.