Сохтори БМИМТ
Мувофиқи Низомномаи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2002 №67 тасдиқ гардидааст, сохтори БМИМТ чунин мебошад.
Шӯрои БМИМТ
Шӯрои БМИМТ мақоми олии роҳбарикунандаи БМИМТ буда, ҳайати он аз намояндагони ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Кумитаи иҷроияи БМИМТ
Кумитаи иҷроияи БМИМТ мақоми кории БМИМТ буда, Директори иҷроияи БМИМТ онро сарварӣ мекунад ва менеҷерони шуъбаҳои БМИМТ ба ҳайати Кумитаи иҷроияи БМИМТ шомил мебошанд.
Директори иҷроияи БМИМТ
Директори иҷроияи БМИМТ ба фаъолияти ҷории БМИМТ роҳбарӣ намуда, аз рӯи вазифа узви Шӯрои БМИМТ мебошад.
Шуъбаҳои БМИМТ:
- Шуъбаи молиявӣ ва ҳисобдорӣ;
- Шуъбаи лоиҳаҳои ҷамоавӣ;
- Шуъбаи харид;
- Шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилӣ;
- Шуъбаи маъмурӣ.
Намояндагиҳои БМИМТ:
- Намояндагии БМИМТ дар шаҳри Қурғонтеппа;
- Намояндагии БМИМТ дар шаҳри Кӯлоб;
- Намояндагии БМИМТ дар ноҳияи Рашт.