Натиҷаҳои асосии тадқиқот
Таъсири лоиҳаҳои БМИМТ ба истифодабарандагон.
Барои натиҷагирӣ кардан ва муайян намудани таъсири лоиҳаҳо ба истифодабарандагон дар маҳалли лоиҳаҳои амалишуда тадқиқот гузаронидан лозим аст. БМИМТ чунин натиҷагириро пас аз анҷом додани Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ, тавассути як гурӯҳ тадқиқотчиёни ташкилоти байналмилалии Слоан Стрит Консалтинг аз Ҷумҳурии Қирғизистон, аз моҳи сентябри соли 2006 сар карда, то моҳи майи соли 2007 анҷом дод.
1. Мақсади тадқиқот
Мақсад аз гузаронидани чунин тадқиқот - баҳо додан ва муайян намудани таъсири Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба истифодабарандагон буд, ки Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон солҳои 2002-2006 дар қаламрави кишвар татбиқ намудааст. Дар баррасии ин кор нишондиҳандаҳои миқдорию сифатӣ, ки аз мавҷудияти таъсири лоиҳа гувоҳӣ медиҳанд, ба таври мухтасар ва тоҳадди имкон содда дар зер маънидод шудааст. Дар муаррифнома инчунин сабақҳои асосии аз лоиҳа бадастомада нишон дода шуда, барои беҳтар кардани кор баъзе тавсияҳои зарурӣ пешниҳод шудааст, ки дар фаъолияти минбаъда БМИМТ, Ҳукумати мамлакат ва шарикони ҳамкор, барои беҳбудии кор метавонанд истифода намоянд. Хонандагоне, ки мехоҳанд дар бораи ин тадқиқот маълумоти бештаре пайдо кунанд, метавонанд ба БМИМТ муроҷиат намоянд.
1.2. Истифодабарандагони асосӣ
Муаррифнома барои доираи васеи иштирокчиёни раванди мубориза алайҳи камбизоатӣ ва беҳтар намуданиҳаёти иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ба мисли: намояндагони ҷамоаҳо, ноҳияҳо ваҳукуматҳои вилоятҳо, роҳбарони ҷамоатҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар ҷамоатҳо, ноҳияҳо ва вилоятҳо; намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ ва парлумон; инчунин донорҳо ва дигар шарикон пешбинӣ шудааст. Муаррифнома метавонад барои онҳое, ки ба омӯзишиҳолати маблағгузориҳо ба соҳаи иҷтимоии Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, инчунин барои онҳое, ки мехоҳанд дар бораи фаъолияти БМИМТ дар лаҳзаи анҷомёбии лоиҳаи дуюм дар мубориза бо камбизоатӣ маълумоти мухтасар пайдо кунанд, шавқовар бошад.
2. Чӣ тавр натиҷаҳо ба даст омаданд?
Барои ба таври кафолатнок риоя намудани қоидаҳо дар раванди (баҳодиҳӣ) муайян кардани таъсирнокӣ ва боҳамин восита барои ба эътимоди доираи васеи ҳамкорон/донорҳо сазовор гаштан, тадқиқотчиён қоидаи «стандарти тиллоӣ»-ро (усули истифодашударо вақтҳои охирҳамин тавр меноманд), ки ҷиҳатҳои зерини баҳодиҳиро пешбинӣ мекунад, риоя намуданд:
- Дарки лоиҳа ва мундариҷаи он;
- Эҳтимоли тахминан интихоб кардани ҷамоаҳо ва мусоҳибон;
- Муқоиса кардани ҷамоаҳое, ки дар онҳо лоиҳа татбиқ гаштааст ва ҷамоаҳое, ки лоиҳа надоштанд;
- Муқоиса кардани нишондиҳандаҳои рушд дар давраи то татбиқи лоиҳа ва баъди он;
- Ворид кардани нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ ба тадқиқот;
- Таъмин намудани устувории лоиҳа, ки барои ояндаи дур пешбинӣ шудааст;
- Ваколатдории омории натиҷаҳо.
Аз рӯи ҳамин стандарт амал намуда, усули тадқиқот ба омӯзиши нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ асос ёфтааст, ки он барои муайян кардани таъсири лоиҳаи БМИМТ ба истифодабарандагонаш имконият медиҳад. Барои таҳлили миқдорӣ усули «фарқи ихтилофҳо» истифода шудааст, ки мутобиқи он нишондиҳандаҳо дар давраҳои то татбиқи лоиҳа ва баъди он (соли 2007) боҳамқиёс карда шудаанд. Азбаски тағйирот дар давраи мазкур метавонад на танҳо аз ҳисоби фаъолияти БМИМТ, инчунин аз ҳисоби дигар равандҳоҳам ба амал ояд, бо ҳамин мақсадқиёси ҷамоаҳое, кидар онҳо БМИМТ фаъолият кардааст ва ҷамоаҳое, ки дар онҳо БМИМТ фаъолият накардааст истифода шудааст. Ҳамин тариқ, пурсиш аз рӯи саволномаи махсус тайёр намуда дар 36 ҷамоаи БМИМТ (аз рӯйхати лоиҳаҳои татбиқгашта то давраи 1.01.2006) ва дар 36 ҷамоаи дигаре, ки БМИМТ фаъолият надошт, гузаронда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар тадқиқот танҳо ҳамон нишондиҳандаҳои миқдорие истифода шудаанд, ки аҳамияти оморӣ доранд ва ин чиз имконият медиҳад ҳисоб кунем, ки санҷишҳои гузаронидашуда сурати воқеиятро инъикос менамоянд. Натиҷаҳо инчунин ваколатдор мебошанд, зеро интихоби ҷамоаҳо ва хонаводаҳо бо роҳи тахминӣ иҷро шуда, дар он коэффитсиенти вазн истифода шудааст, ки имконияти ба тадқиқот ворид шуданиҳар як хонаводаро фароҳам овардааст. Барои баъзе нишондиҳандаҳо имконияти қиёс кардани маълумот боҳисоботҳои БМИМТ мавҷуд буд ва мутобиқати хуб муайян карда шуд. Масалан, миқдори одамоне, ки дар омӯзишҳо мутобиқи ҳисоботҳои БМИМТ иштирок намудаанд (дар давраи 1.01.2006) 23155 нафарро ташкил медиҳад, мутобиқи натиҷаи санҷишҳо бошад - 22124 нафарро ташкил медиҳанд. Рақамҳо ҳамагӣ 4 фоиз аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ки шояд он камбудии санҷиш бошад, ё БМИМТ ҳамон як одамро, агар ӯ дар якчанд омӯзиш иштирок карда бошад, ҳар бор ӯро алоҳида ҳисоб кардааст. Тадқиқоти мазкур тибқи соҳаҳо бо маблағгузориҳо гузаронда шудааст, фоизи хурди соҳаҳои «дигар» бошад дар тадқиқот фаро гирифта нашудааст. Мутобиқат гувоҳӣ медиҳад, ки ҳисоботи БМИМТ эътимоднок аст.
Барои муайян намудани нишондиҳандаҳои миқдорӣ тадқиқотҳо бо усули сифатӣ гузаронда шуд:
- Ин маҷлисҳо бо намояндагони ҷамоаҳо (гурӯҳҳои фокусӣ) дар чор ҷамоа, ки дар он БМИМТ фаъолият кардааст, гузаронида шуд. Сӯҳбати ошкоро бо намояндагони ҷамоаҳо барои беҳтар фаҳмидани натиҷаҳои миқдорӣ ва нозукиҳои механизми таъсирнокии кори лоиҳаи БМИМТ кӯмак расонданд. Муайян кардани камбудиҳои эҳтимолӣ, инчунин барои он муҳим буд, ки сабақҳои зарурӣ ба даст оянд ва барои беҳтар намудани фаъолияти лоиҳа тавсияҳо омода карда шаванд.
- Чор лоиҳаи аз рӯи соҳаҳо нисбатан маъмул, бо мақсади муайян намудани хусусиятҳои амалигардонӣ ва ба даст овардани шаклҳои бомуваффақият/бемуваффақияти усулҳои таъсиррасонии лоиҳа ва роҳҳои он, инчунин муайян кардани механизмҳои мустаҳкам ва паҳн намудани натиҷаҳои муваффақиятнок бо усули «casе-study» таҳқиқ карда шуданд.
- Мусоҳиба бо намояндагони вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти минтақавии идоракунӣ, ки бо БМИМТ якҷоя фаъолият намуданд, барои пурратар инъикос намудани таъсири мусбати БМИМТ ва омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати беҳтар намудани кори лоиҳаҳои минбаъда кӯмак расонданд.
Тибқи хулосаи тадқиқотчиён, дастовардҳои асосии лоиҳа аз он иборат аст, ки дар замони барои мамлакат мушкил ҷамоаҳои нисбатан камбизоат ҳис намуданд, ки кӯмак мавҷуд аст ва имконияти онро дастрас намудан вуҷуд дорад. Таъсири психологӣ баробари таъсири воқеии сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва некӯ аҳволии иқтисодии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ҷамоаҳо сабақи намуди нави демократияи фаъолро гирифтанд.
Вазифаи асосӣ – истифода бурдан ва афзур гардондани иқтидори ғункардаи БМИМТ мебошад. Баъзе камбудиҳое, ки дар рафти тадқиқот муайян гаштаанд ба манзараи умумии мусбат халал намерасонанд ва умедвор мешавем, ки онҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон, ҷонибҳои ҳавасманд ва БМИМТ барои бардоштани сабақҳо ва мукаммал гардонидани воситаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ минбаъд кӯмак мерасонанд.
Тавсияҳо.
Имконияти гузариш ба муносибати нисбатан муназзами татбиқи лоиҳаҳои хурдро омӯхтан зарур аст. Масалан, агар шабакаи барқ барқарор шуда бошад, он гоҳ зарур аст, ки барқ ба аҳолӣ тамоми шабонарӯз ё камаш қисми зиёди рӯз дода шавад. Ё ҳангоми барқарор кардани бунгоҳи тиббӣ онҳо метавонанд барои пурзӯр кардани пойдории лоиҳа ба аҳолӣ ягон намуди маблағноки хизмати тиббӣ расонанд. Аммо оиди чи тавр ба роҳ мондани ин кор ягон тавсияе вуҷуд надорад. Фаҳмост, ки ин масъалаҳо ба иродаи БМИМТ вобаста нест, аммо моҳияти тавсия аз он иборат аст, ки БМИМТ ба сатҳи нави мураккаби фаъолият гузаштааст ва ба худ масъулияти қабули қарорҳо оид ба вазифаҳои васеътарро ба зима гирифтааст. Ҳамин чиз ба он оварда мерасонад, ки масъалаҳои иҷтимоӣ пурратар ҳал гарданд.