Тадқиқотҳо
Яке аз принсипҳои кории БМИМТ дар татбиқи барномаю лоиҳаҳо – ин гузаронидани маъракаи омӯзиши маҳал, яъне тадқиқоти маҳал мебошад, БМИМТ дар фаъолияти худ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳам дар сатҳи ноҳияҳою ҷамоатҳо ва ҳам дар сатҳи деҳаю маҳаллаҳо чунин маъракаҳоро бисёр гузаронидааст.
Мақсад аз гузаронидани тадқиқот, муайян кардани сатҳи камбизоатии маҳаллифарогири барнома ё лоиҳа аз рӯи ҷанбаҳои ҳаётӣ, ба мисли хусусиятҳои ҷуғрофии маҳал, дастрасии аҳолӣ ба инфрасохторҳои иҷтимоӣ, сатҳи зисти мардум, сарчашмаҳои даромаду моддаҳои хароҷот, сатҳи бекорӣ ва бемориҳо дар байни мардум ва ғайраву ҳоказо ҷамъ овардани маълумот аст. Асосан, ҳангоми ҷамъ овардани маълумот ба ҳолати ҷанбаҳои зерин диққати ҷиддӣ додан лозим аст:
- Баҳододани ҳолати иҷтимоию иқтисодии минтақа;
- баҳо додани вазъи хизматрасонии инфрасохтори вуҷуддоштава муайян кардани талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳо;
- таҳлили имкониятҳои институтсионалииҷамоаҳо дар минтақа;
- натиҷагирӣ кардан аз барномаҳои анҷомдодаи дигар донорҳо;
- муайян кардани мушкилиҳои аввалиндараҷаи ҷамоаҳо дар минтақа;
- интихоби пешакии ҷамоаҳо бо истифода аз меъёрҳои интихобӣ;
- муайян кардани роҳҳои ҳалли мушкилиҳо мебошад.
Тадқиқот ду давраро дарбар мегирад:
- Давраи омодасозӣ.
- Гузаронидани семинари якрӯза.
Дар давраи омодасозӣ тадқиқотчиён барои ҷамъ овардани маълумотҳои омории иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва дигар маълумотҳои тавсифкунандаи минтақа, дар ҷамоатҳо, деҳаҳо маҷлисҳои хурд гузаронида, оид ба нақшу вазифаҳои БМИМТ, мақсади гузаронидани тадқиқот, мақсади доир намудани семинари якрӯза, вақт ва макони гузаронидани семинар, давомнокии он ва тартиби намояндагӣ кардани аъзоёни ҷамоа барои иштирок кардан дар семинар маълумот медиҳанд.
Рӯзи семинар бо иштироки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, намояндагони маҳаллаҳою деҳаҳо мақсаду вазифаҳои барнома/лоиҳа муаррифӣ гашта, аз ҳозирин ҷиҳати татбиқи барнома/лоиҳа иштироки фаъол ва ҳамкорӣ талаб карда мешавад.
Тадқиқотҳое, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо гузаронида мешаванд, тадқиқотҳои минтақавӣ ба шумор мераванд. Тадқиқотҳои сатҳи деҳа, маҳала ба гурӯҳи тадқиқотҳои ҷамоавӣ шомиланд, ки идомаи тадқиқоти минтақавӣ маҳсуб меёбанд.
БМИМТ дар доираи татбиқи Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2002-2006), дар қаламрави кишвар - вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе бо ҷалби ташкилотҳои маҳаллии ихтисосманд тадқиқоти минтақавӣ гузаронд, ки дар он сатҳи камбизоатии минтақаҳо аз рӯи ченакҳо, ё омилҳои зерин муайян карда шуд:
- Фаъолият кардани иншоотҳои истеҳсолии саноатӣ ва кишоварзӣ;
- Ҳолати инфрасохторҳо, дастрасии онҳо ва сифати хизматрасониҳо;
- Таъмини аҳолӣ бо коммуникатсияҳои муҳандисӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ, таъминот бо қувваи барқ, газ, роҳҳо, пулҳо, намудҳои алоқа;
- Дараҷаи институтсионалии (маърифатнокии) аҳолӣ;
- Баҳо додан ба ҳадди ақалли зист ва сатҳи даромади воқеии аҳолӣ;
- Вуҷуд доштани манбаъҳои даромад ва шуғли аҳолӣ, моддаҳои хароҷот, доштани қобилияти харидорӣ;
- Таҳлили шароити зист ва маишии аҳолӣ;
- Мушкилиҳои афзалиятноки ҷамоатҳо ва деҳаҳои минтақа;
- Таъсири камбизоатӣ ба раванди муҳоҷирати аҳолии қобили меҳнат ва ғайра.
Барои муайян кардани сатҳи камбизоатӣ панҷ дараҷаи камбизоатӣ табақабандӣ карда шуд:
- ҷамоаҳои аз ҳама камбизоаттарин,
- ҷамоаҳои хеле камбизоат,
- ҷамоаҳои камбизоат,
- ҷамоаҳои сатҳи миёнаи камбизоатӣ,
- ҷамоаҳои сатҳи аз миёна беҳтар.
Мақсади ин гуна табақабандӣ кардани ҷамоаҳо - истифодаи мақсадноки маблағҳои барои барнома ё лоиҳа ҷудошуда мебошад.
Вазифаи тадқиқот:
- Муайян кардани сатҳи зиндагии аҳолии ҷамоа.
- Муайян кардани дараҷаи муттаҳидии сокинони ҷамоа.
- Муайян кардани мушкилиҳои аввалиндараҷаи ҷамоа.
- Таҳлили захираҳои дар ҷамоа вуҷуддошта, имкониятҳо ва тайёр будани аҳолӣ барои ҷалб намудани онҳо дар ҳалли проблемаҳои ҷамоа.
- Муайян кардани дараҷаи иштироки ҷамоа ва қобилияти он дар нигаҳдории лоиҳа.
- Таҳлил ва баҳо додани барномаҳои башардӯстонае, ки дар ҷамоа аз ҷониби ташкилотҳои хайриявӣ иҷро карда мешаванд ва иштироки аъзоёни ҷамоа дар татбиқи ин барномаҳо.
- Муайян кардани сатҳи институтҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва нақши онҳо дар ҳалли мушкилиҳои ҷамоа.
- Тартиб додани нақшаи амалиёти ҷамоа бо назардошти дурнамои рушди худи ҷамоа мебошад.