Дар бораи лоиҳа ДПКСК
Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ
Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ тибқи созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Байналмилалии Рушд (Бонки Ҷаҳонӣ) аз 30 cентябри соли 2002 оғоз гардида 31 декабри соли 2006 анҷом ёфтааст. Арзиши лоиҳа $ 21,5 млн. 328 лоиҳа татбиқ карда шудааст.
Мақсади асосии Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ин таъмини комёбиҳои минбаъда бо паст кардани сатҳи камбизоатӣ, кӯмак расондан ба мардуми камбизоат барои дастрас гардидани инфрасохторҳои асосӣ ва хизматрасониҳо, инчунин фароҳам овардани имкониятҳо барои ба даст овардани даромад буд.
Сохтори лоиҳаҳо тақрибан ҳамаи соҳаи инфрасохтори иҷтимоиро дарбар гирифт: маориф, тандурустӣ, таъминоти об, таъминоти барқ ва газ, барқарорсозии роҳу кӯпрукҳо, рушди соҳаҳои чорводорӣ, занбӯрпарварӣ, беҳтар кардани ҳолати экологӣ ва ғайра.
Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
№т/т | Типологияи лоиҳаҳо |
Шумораи лоиҳаҳо |
Шумораи баҳра-гирандагон | Арзиш бо $ ИМА |
Нишондиҳандаҳои техникӣ |
1 | Соҳаи маориф | 100 | 445545 | 8350372 | 40661 м2- масоҳати сохтмони мактабӣ 16600- ҷои нишасти хонандагон |
2 | Тандурустӣ | 72 | 628017 | 3074674 | 19288 м2- масоҳати сохтмони муассисаҳои тиббӣ |
3 | Таъмини об | 35 | 101262 | 1465420 | 169,9 км дарозии қубури об;31- агрегати обкашӣ навъи ҳархелава8 трансформатор(КТП) |
4 | Таъмини барқ | 43 | 157917 | 1482509 | 132,4 км дарозии хати барқи - 04,6 и 10 кВва 31 трансформатор |
5 | Таъмини газ | 3 | 4659 | 250897 | 14,9 км дарозии хати гази фишори миёна ва паст. |
6 | Роҳу кӯпрукҳо | 11 | 22638 | 536906 | дарозии умумии кӯпрукҳо 409,4 м(10 лоиҳа); масофаи роҳи хокӣ 13,8 км |
7 | Даромаднок | 4 | 5143 | 74442 | 75 ҷои кори доимӣ. 565 м2- масоҳати биноҳои барқароршуда ва иншоотҳо |
8 | Иҷтимоӣ | 39 | 104816 | 1422793 | 35039 м2 масоҳати марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва ятимхонаҳои барқароршуда, таҷдид ва сохташуда. |
9 | Занбӯриасалпарварӣ | 6 | 1944 | 256687 | 2063 оилаи занбӯр ва 134 ҷои кори доимӣ |
10 | Чорводорӣ | 4 | 1585 | 86757 | 167 сар чорвои калони шохдор ва 1100 сар чорвои майдаи шохдор ва 98 ҷои кори доимӣ |
11 | Муҳити зист | 11 | 15027 | 11684 | 12279 адад ниҳол шинонда шуд. |
Ҳамагӣ: | 328 | 1488553 | 17013141 |