Барномаи Рашт
Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд (KfW) аз 16 январи соли 2013 ва Созишномаи махсус байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2013 амалӣ шуда истодааст. Буҷети Лоиҳа асосан аз ҳисоби “маблағҳои мутақобила”-и ду хати қарзии лоиҳаҳои Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии Федеративии Олмон (BMZ), ки Бонки Олмонии Рушд дар заминаи ҳамкориҳои молиявӣ ба Бонки аввалини қарзҳои хурд дар Тоҷикистон ҷудо намуда буд, ташаккул ёфтааст.
Оғози Лоиҳа: 01 апрели соли 2013.
Анҷоми Лоиҳа: 31 декабри соли 2017.
Маблағи умумии Лоиҳа 4,3 млн. доллари ИМА мебошад, аз ҷумла:
- маблағҳои мутақобилаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 4,2 млн. доллари ИМА;
- дигар манбаъҳо (ҳиссаи аҳолӣ) - 0,1 млн. доллари ИМА.
Лоиҳа 3 ноҳияи тобеи ҷумҳуриро фаро мегирад, аз ҷумла:
1. ноҳияи Нуробод;
2. ноҳияи Рашт;
3. ноҳияи Тоҷикобод.
Мақсади асосии Лоиҳа - беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои фарогири Лоиҳа тавассути бунёди биноҳои таълимии мактабӣ ва таъмини таҷҳизоту инфрасохтори онҳо бо истифодаи сифати мувофиқ, инчунин омӯзиши ассосиатсияҳои волидону омӯзгорон дар мактабҳои лоиҳавӣ мебошад.
Дар доираи амалишавии Лоиҳа иҷрои вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст:
a. ба ҳисоби миёна сохтани 12 бинои нави дорои 8-10 синфхона бо назардошти тадбирҳои баландбардории самаранокии энергетикии биноҳо дар мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ;
b. муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои нав бо мебели мустаҳками босифат;
c. таъмини мактабҳои фарогири Лоиҳа бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ;
d. сохтмони нуқтаҳои санитарӣ дар мактабҳои фарогири Лоиҳа, ки ба талаботҳо ҷавобгӯ бошанд;
e. дар сурати зарурат таъмин намудан бо синфхонаҳои таълими меҳнат ҷиҳати додани имконият барои тайёрии касбӣ дар мактабҳои лоиҳавӣ;
f. омӯзиши ассосиатсияҳои волидону омӯзгорон (АВО) ва ҷамоа, инчунин баргузор намудани дигар чорабиниҳои омӯзишӣ;
g. маблағгузории ҳиссаи хароҷотҳо, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои иҷрокунандаи Лоиҳа (БМИМТ) ба вуҷуд меоянд.
Типологияи лоиҳаҳо |
Теъдоди |
Масоҳати биноҳои таълимӣ (м²) | Масоҳати синфхонаҳои таълимӣ (м²) | Миқдори ҷои нишаст |
Лоиҳаи БР-11 |
1 | 847,0 | 600,0 | 240 |
Лоиҳаҳои БР-04, БР-05, БР-06, БР-07, БР-08, БР-09, БР-10, БР-12 8 синфхона (дуошёна) |
11 | 6435,0 | 4238,08 | 2112 |
Ҳамагӣ: | 12 | 7282,0 | 4838,08 | 2352 |