Дар бораи лоиҳаи ТПКСК
Лоиҳаи таҷрибавии паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТПКСК)
Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) аз соли 1997 то соли 2002 аввалин Лоиҳаи таҷрибавии паст кардани сатҳи камбизоатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуд. Бунёди Миллӣ дар доираи ин Лоиҳаи таҷрибавӣ Барномаи "Лоиҳаҳои хурд"- ро амалӣ намуд, ки 154 лоиҳаи хурдро дарбар мегирифт. Лоиҳаҳои иҷрошуда тақрибан 600 ҳазор нафар аҳолиро дарбар гирифта буд. Ғайр аз ин, БМИМТ ҳангоми татбиқи Лоиҳа ҳамзамон 4 (чор) барномаи ташкилотҳои байналмилалиро низ ҳамоҳангсозӣ менамуд.
- Федератсияи наҷоти кӯдакон (ИМА). Барномаи "Маблағгузориҳои хурд".
- Федератсияи наҷоти кӯдакон (ИМА). Барномаи "Барқарорсозии хонаҳои истиқоматӣ дар вилояти Хатлон"
- Фонди наҷоти кӯдакон (Бритониёи Кабир). Барномаи "Дастгирии хоҷагиҳое, ки занҳо сарварӣ мекунанд ".
- Фонди Оғохон (ФАХ). Барномаи "Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ: сохтмони каналҳои обёрикунӣ ва азхудкунии заминҳои нав".
Лоиҳаи таҷрибавии паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маблағи умумии лоиҳа $12,5 млн.
№ т/т |
Барномаҳо |
Шумораи лоиҳаҳо |
Шумораи баҳрагирандагон |
Арзиш бо $ ИМА |
1 | "Лоиҳаҳо" | 154 | 600 000 | 3340 ҳазор |
2 | БМИМТ-Федератсияи наҷоти кӯдакон(ФНК ИМА)Барномаи "Барқарорсозии хонаҳои истиқоматӣ дар вилояти Хатлон" | 30 лоиҳа 721 хона барқарор гашт | зиёда аз 5500 | 1700 ҳазор |
3 | "БМИМТ-ФНК (ИМА)барномаи "Қарзҳои хурд" | 8600 оила | 60200 | 1096 ҳазор |
4 | БМИМТ-Фонди наҷоти кӯдакон Бритониёи кабир (ФНК Бк)Барномаи "Дастгирии хоҷагиҳое, ки занҳо сарварӣ мекунанд" | Ба 3579 оила кӯмак расонда шуд | 25053 | 901,8 ҳазор |
5 | БМИМТ-Фонди Оғохон Барномаи "Ислоҳоти хоҷагиҳои деҳот: сохтмони каналҳои обёрикунанда ва азхудкунии заминҳои нав" | 52 канал ба дарозии 250 км. сохта шуд | Зиёда аз 3800 га. заминҳои нав дар 6 ноҳияи ВМКБ азхуд карда шуд. | 717,6 ҳазор |