Барномаи KFW-IV
Марҳилаи чоруми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ»
Мақсади Лоиҳа - беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии 12 шаҳру ноҳияи фарогири вилояти Хатлон бо роҳи сохтмони биноҳои нави мактабӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоту инфрасохтори аввалиндараҷа ва омӯзиши аъзои ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон дар мактабҳои лоиҳавӣ мебошад.
Муҳлати татбиқиЛоиҳа: аз 01 июли соли 2018 то 31 декабри соли 2020.
Маблағи умумии Лоиҳа 5,2 млн. доллари ИМА мебошад, аз ҷумла:
- гранти ҳукумати Олмон (KfW) - 4,6 млн. доллари ИМА;
- ҳиссаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон - 0,5 млн. доллари ИМА;
- дигар манбаъҳо (ҳиссаи аҳолӣ) - 0,1 млн. доллари ИМА.
Лоиҳа 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро фаро мегирад, аз ҷумла: ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Кушониён, Хуросон, Вахш, Восеъ, Данғара, Балҷувон, Муъминобод, Ш.Шоҳин, Ховалинг ва шаҳрҳои Леваканту Кӯлоб.
Дар доираи татбиқи Лоиҳа чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудааст:
- сохтмони 12 бинои таълимии дорои 6, 8 ва 10 синфхона бо назардошти баланд бардоштани самаранокии энергетикии биноҳои нави мактабӣ;
- таъмини синфхонаҳо бо мебели мустаҳками босифат;
- таъминот бо қувваи барқ ва шабакаи мустақили гармидиҳӣ;
- сохтмони нуқтаҳои санитарӣ;
- дар сурати зарурат бунёди биноҳои технологӣ бо мақсади фароҳам овардани имконият барои тайёрии касбӣ дар ҳудуди мактабҳои лоиҳавӣ;
- омӯзиши аъзои ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон (АВО) ва фаъолони ҷамоа, баргузор намудани дигар чорабиниҳои омӯзишӣ;
Айни замон дар 12 лоиҳаи мактабӣ корҳои сохтмонӣ ва омӯзишҳо барои аъзоёни ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон идома дорад.
Нишондиҳандаҳои лоиҳаҳои мактабӣ
Типологияи лоиҳаҳо | Теъдоди лоиҳаҳо (адад) | Масоҳати бинои таълимӣ (м²) | Масоҳати синфхонаҳои таълимӣ (м²) |
Миқдори ҷои нишаст (дар як баст) |
10-синфхона (дуошёна) | 7 | 5931,17 | 3371,2 | 1680 |
8-синфхона (дуошёна) | 3 | 1756,13 | 1155,84 | 576 |
6-синфхона (дуошёна) | 2 | 899,80 | 577,92 | 288 |
ҳамагӣ: | 12 | 8587,10 | 5104,96 | 2544 |