CASA-1000 «Лоиҳаи дастгирии ҷомеа»
Мақсади Лоиҳа - баланд бардоштани сифат ва тавсеаи дастрасї ба хизматрасонињои таъминоти неруи барқ, инфрасохтори иљтимоию иқтисодї ва мусоидат намудан ба тањкими иқтидори худидоракунии мањаллї дар њудуди љамоатњои фарогири лоиња мебошад.
Муҳлати татбиқи Лоиҳа: аз 30 апрели соли 2020 то 30 апрели соли 2024.
Маблағи умумии Лоиҳа 26,0 млн. доллари ИМА буда, аз ин 16,0 млн. доллари ИМА барои қисмњои дуюм, сеюм ва чоруми он људо шудааст, ки аз њисоби грантњои:
- Фонди бисёрдонораи мақсадноки CASA-1000 - 2,0 млн. доллари ИМА;
- Ассотсиатсияи Байналмиллалии Рушд - 14,0 млн. доллари ИМА.
Лоиҳа 65 дењаро дар њудуди 22 љамоати шањрњои Турсунзода, Левакант ва ноњияњои Спитамен, Њисор, Шањринав, Рўдакї, Хуросон, А.Љомї, Вахш, Кўшониён, Љ.Балхї ва Љайњун, ки ба хати интиқоли барқи CASA-1000 наздик мебошанд, фаро мегирад. Инчунин 50 мањаллаи љамоатњои наздисарњадии Ворух ва Чоркўњи шањри Исфара низ ба «CASA-1000 Лоињаи дастгирии љомеа» шомил гардидаанд.
Дар доираи татбиқи Лоиҳа чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудааст:
- Сармоягузорињо ба инфрасохтори иљтимоию иқтисодї зери идоракунии љомеа;
- Сафарбаркунии љомеа, тањкими иқтидор ва худидоракунии мањаллї;
- Идоракунии Лоиња, мониторинг, арзёбї ва коммуникатсия.
Айни замон афзалиятњо аз љониби љамоањои фарогир муайян гардида, мутобиқатии онњо бо назардошти субгрантњо бо Бонки Умумиљањонї мувофиқа карда шудаанд, ки барои амалисозии онњо љалби ташкилотњои пудратї ва таъминкунанда тавассути комиссияњои лоињавии љамоатњои дахлдор сурат гирифтааст.
Нишондиҳандаҳои (индикаторњои) асосии миқдорию сифатии њадафњои лоиҳа
№ | Самт | Нишондињанда | Њадаф |
1. | Баланд бардоштани сифат ва тавсеаи дастрасї ба хизматрасонињои таъминоти неруи барќ ва инфрасохтори иљтимоию иќтисодї | Фоизи љамоањои маќсаднок бо дастрасии бењтаргардонидашуда ба инфрасохтори иљтимої-иќтисодї дар натиљаи дастгирии лоиња | 90% |
Одамоне, ки ба онњо хизматрасонии нав ё бењтаргардонидашудаи неруи барќ таъмин шудааст | 120 000 нафар | ||
2. | Тавсеаи иштироки љомеа, фарогирии њамаљониба ва тањкими иќтидори маќомотњои мањаллии худидоракунї | Фоизи бањрагирандагон дар љамоањои маќсаднок, ки оид ба самаранокии иштироки худ дар ќабули ќарорњо вобаста ба сармоягузории лоињавї иттилоъ додаанд | 70% |
Фоизи љавонони бањрагиранда (занњо ва мардњо), ки таќвият ёфтани наќшу овози худро дар ќабули ќарорњо дар сатњи мањаллї дар натиљаи дастгирии лоиња иттилоъ додаанд | 70% | ||
3. |
Татбиќи «CASA-1000 Лоињаи дастгирии љомеа» ба љамоањои маќсаднок фоида мерасонад, ки ба љанбањои энергетикї, иќтисодї, иљтимої ва устуворї алоќаманд мебошанд
|
Фоизи бањрагирандагон дар љамоањои маќсаднок, ки оид ба самаранокии татбиќи «CASA-1000 Лоињаи дастгирии љомеа» вобаста ба ањамияти хати интиќоли барќи CASA-1000 иттилоъ додаанд | 70% |