Лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ»
Мақсади Лоиҳа - мусоидат кардан љињати иштироки фаъоли ањолї дар худидоракунии мањаллї бањри бењтар намудани сифати инфрасохтори мањаллї дар љамоатњои мақсаднок, васеъ намудани доираи имкониятњо ва сарчашмањои воситањо барои зиндагии љавонон мебошад.
Муҳлати татбиқи Лоиҳа: аз 08 июли соли 2020 то 08 июли соли 2025.
Маблағи умумии Лоиҳа 37,0 млн. доллари ИМА буда, гранти Ассотсиатсияи Байналмиллалии Рушд мебошад.
Лоињаи «Тањкими устувории иљтимоӣ-иқтисодї дар ду вилоят татбиқ мегардад: вилояти Хатлон (шањри Кўлоб, ноњияњои Панљ, Фархор, Њамадонї бо фарогирии 24 љамоат, 220 дења) ва Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон (ноњияњои Ванљ, Шуѓнон, Ишкошим бо фарогирии 20 љамоат, 167 дења).
Дар доираи татбиқи Лоиҳа чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудааст:
- Ташаббусњои мањаллии фарогир дар соњаи рушд;
- Њамгироии иљтимоии љавонон ва таъмини манбаъњои воситањои зиндагї;
- Идоракунии Лоиња, мониторингу арзёбї ва робита.
Айни замон корњои таъмирию барқарорсозї вобаста амалисозии нўњ зерлоиња барои бунёди марказњои омўзиши љавонон ба анљом расида, дигар корњои сохтмонї барои бунёди чунин марказњо идома доранд.
Нишондиҳандаҳои (индикаторњои) асосии миқдорию сифатии њадафњои лоиҳа
№ | Самт | Нишондињанда | Њадаф |
1 | Бењтаргардонии сифати инфрасохтори базавї | Фоизи посухдињандагон дар сатњи љамоа (мардон ва занон) иттилоъ доданд, ки сармоягузории лоиња ба инфрасохтори асосии дења ба талаботи онњо мувофиќ аст | 60% |
2 | Тавсеаи имкониятњои берун аз синфї барои љавонон | Фоизи бањрагирандагон аз љумла љавонон (мардон ва занон), ки малакањои дар рафти чорабинињои берун аз синфї гирифтаашонро истифода менамоянд | 70% |
3 | Тавсеаи имкониятњои љавонон љињати гирифтани воситањо барои зиндагї | Фоизи бањрагирандагон, аз љумла љавонон (мардон ва занон), ки љињати таъмини воситањои зиндагї пас аз як сол баъди гирифтани асбобњо ва таљњизот барои тавсеаи дастрасї ба манбаъњои воситањо барои зиндагї фаъолияти худро идома медињанд | 40% |
4 | Тањкими худидоракунии мањаллї дар асоси муомилаи муштарак | Фоизи бањрагирандагон (мардон ва занон), ки дар чорабинињои банаќшагирї, ќабули ќарорњо ва ё мониторинги зерлоињањо иштирок менамоянд | 60% |