Дар нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 22 июли соли 2014 дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Иттилоот ва муошират» баргузор гардид, директори иҷроияи БМИМТ Саидаҳмад Мирзоев ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки марҳилаи дуюми Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ” пурра анҷом ёфт ва давраи нав - марҳилаи сеюми барнома оғоз гардид.
Ин лоиҳаи ниҳоӣ аст, ки БМИМТ дар доираи татбиқи марҳилаи 2-юми Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ” мавриди баҳрабардорӣқарор дод.
Дар марҳилаи дуюми барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ» иҷроиши 38 лоиҳа пешбинӣ шуда буд ва ин нақшаи Барномавӣ соли 2013 иҷро гардид, - гуфт зимни суханронӣ директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Саидаҳмад Мирзоев дар нишасти матбуотӣ, 17 январи соли 2014.
Муроҷиату дархостҳое, ки ҳамарӯза аз номи шаҳрвандон ба БМИМТ мерасанд, аз ҳолати ногувори мактабҳо, нарасидани синфхонаҳо, сатҳи пасти хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ, нарасидани оби ошомиданӣ, қувваи барқ шаҳодат медиҳанд, ки бештари он ба ноҳияҳои дурдасти тобеи марказ ва вилояти Хатлон рост меоянд.
Рӯзҳои 28-29 ноябри соли 2012 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон миёни намояндагони ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Федеративии Олмон гуфтушуниди байниҳукуматӣ доир гардид, ки дар он дар қатори масъалаҳои дигар масъалаи идома додани Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ” баррасӣ гардид.
Рӯзҳои 22-28 ноябри соли 2012 намояндагони Бонки олмонии рушд (KFW) бо сарварии Кристоф Изенманн – роҳбари барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфтраструктураи коммуналӣ”, Питер Рунӣ – муҳандис-эксперти бахши сохтмон, Олтиной Валихонова – мутахассиси бахши молиявии барнома ва Моника Титс – мутахассиси бахши аудит ба ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, қумсангир, Ҷ.Румӣ, Хуросон, Ёвон ва шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб сафар карда, аз рафти татбиқи лоиҳаҳои марҳилаи 2-юми барнома дидан намудаанд ва ҳамчунин дар ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Мӯъминобод ва Шӯрообод бо ҳолати мактабҳои дигари ин минтақа низ шинос гаштанд.
26 майи соли 2012 Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон фаъолияти 15-солаи худро ҷашн гирифт. Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Меркурий”, шаҳри Душанбе ҷамъомади расмӣ доир гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналхалқию маҳаллӣ ҷамъ омада буданд.
Дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории Тоҷикистон Барномаи Бонки Олмонии Рушд «Фондҳо барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва инфраструктураи ҷамоавӣ»-ро татбиқ менамояд. Дар доираи ин Барнома 30 лоиҳаи хурд дар 14 ноҳияи қисмати ғарбии вилояти Хатлон, алалхусус, ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Бохтар, Ҷиликул, Қубодиён, Хуросон, Ҷ.Румӣ, Қумсангир, Носири Хусрав, Панҷ, Шаҳритус, Вахш, Ёвон ва шаҳрҳои Нораку Сарбанд иҷро карда мешавад.