Дар рӯзи “Дониш” – 1 сентябри соли 2020 Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷиқистон дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, деҳаи Гулистон, ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ, ноҳияи Хуросон бинои дуошёнаи таълимии 8 синфхонаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Лоиҳаи мазкур дар заминаи ҳамкориҳои молиявӣ байни Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷиқистон ва Ҳуқумати Ҷумҳурии Федеративии Германия, дар доираи маблағгузории марҳилаи чоруми Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори қоммуналӣ” амалӣ карда шудааст.
Қобили қайд аст, ки нарасидани ҷои нишасти хонандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ва ҳолати садамавии бинои ягонаи таълимӣ дар муассисаи мазқур аз мушкилиҳои афзалиятноқи аҳолии деҳа ба ҳисоб рафта, соли 2017 дар вақти гузаронидани тадқиқот шумораи умумии хонандагони муассиса 315 нафарро ташкил медод.
Бинои нави дуошёнаи таълимии 8 синфхона бо назардошти баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, истифодаи тадбирҳои экологӣ дар синфхонаҳо ва технологияи фарши гарм сохта шуда, иқтидори лоиҳавии он 192 ҷои нишастро дар як баст ташқил медиҳад. Бинои таълимӣ бо мебелу воситаҳои аёнӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар ҳудуди муассиса, инчунин сохтмони нуқтаи санитарӣ, насби трансформатори барқӣ, панҷара гирифтани атрофи мактаб ва дигар корҳои ободонӣ низ ба анҷом расонида шудааст. Инчунин, дар рафти татбиқи лоиҳа барои аъзои ассотсиатсияи волидону омӯзгорони муассиса аз рӯи модулҳои тасдиқшуда омӯзишҳо доир қарда шудаанд.
Дар маросими расмии кушодашавии бинои таълимӣ намояндагони ҳуқумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоқимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон, инчунин аҳолии деҳаи Гулистон низ иштирок доштанд.
Аксҳои иловагӣ дар саҳифаи "Аксҳо"