Дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 4 сентябри соли 2020 Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар деҳаи Вахши поён, Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, шаҳри Левакант бинои дуошёнаи таълимии 10 синфхона ва бинои технологии иборат аз 3 синфхонаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Лоиҳаҳои мазкур дар заминаи ҳамкориҳои молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия, дар доираи маблағгузории марҳилаи чоруми Барномаи “Фондҳои Ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ” амалӣ гардонида шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки набудани муассисаи таълимӣ дар деҳаи Вахши поён, хонандагони деҳаро водор месохт, ки масофаи 2-7 км. роҳро тай намуда, барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Кӯшониён, А.Ҷомӣ ва шаҳри Левакант раванд. Ҳангоми гузаронидани тадқиқот дар соли 2017 шумораи хонандагони деҳа 633 нафарро ташкил медод. Чунин вазъият боиси он гардид, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити таҳсил барои хонандагон биноҳои таълимию технологӣ, варзишгоҳ ва дигар шароитҳо муҳайё карда шавад.
Қобили зикр аст, ки иқтидори лоиҳавии бинои асосии таълимӣ 240 ҷои нишастро дар як баст ташкил дода, он бо назардошти баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ бунёд гардидааст. Синфхонаҳо бо мебели зарурӣ ва асбобу воситаҳои аёнии муосир ва синфхонаҳои бинои технологӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои омӯзиши малакаҳои касбҳои дуредгарӣ, харротӣ, дӯзандагию пухтупаз муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Бояд гуфт, ки дар баробари сохтмони биноҳои таълимӣ, тибқи лоиҳа, инчунин сохтмони шабакаи мустақили гармидиҳӣ, насби трансформатори барқӣ, обанбори зеризаминӣ ва зарфи алоҳида барои нигоҳдории об, майдони варзишӣ, анбори хоҷагӣ, нуқтаи санитарӣ, панҷара гирифтани атрофи мактаб ва дигар корҳои ободонӣ дар ҳудуди муассиса иҷро карда шудаанд. Инчунин, дар рафти татбиқи лоиҳа барои аъзои ассотсиатсияи волидону омӯзгорони муассиса аз рӯи модулҳои тасдиқшуда омӯзишҳо доир карда шудаанд.
Дар маросими расмии кушодашавии биноҳои таълимӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант, инчунин аҳолии деҳаи Вахши поён низ иштирок доштанд.
Аксҳои иловагӣ дар саҳифаи "Аксҳо"