Рӯзи 21 сентябри соли 2020 Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, деҳаи Советобод, ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, ноҳияи Вахш бинои дуошёнаи таълимии 10 синфхонаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Лоиҳаи мазкур дар заминаи ҳамкориҳои молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия, дар доираи маблағгузории марҳилаи чоруми Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ” амалӣ карда шудааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки сол аз сол зиёд шудани шумораи аҳолии деҳа, боиси нарасидани ҷои нишасти хонандагон дар ин муассиса гардидааст, ки аз мушкилиҳои афзалиятноки сокинони деҳа маҳсуб меёбад. Соли 2017 дар вақти гузаронидани тадқиқот шумораи умумии хонандагони муассиса 848 нафарро ташкил медод.
Бинои нави дуошёнаи таълимӣ аз 10 синфхона, утоқи сарвар ва хонаи омӯзгорон иборат буда, иқтидори лоиҳавии он 240 ҷои нишастро дар як баст ташкил медиҳад. Бинои таълимӣ бо мебелу воситаҳои аёнӣ муҷаҳаз гардонида шуда, дар ҳудуди муассисаи таълимӣ, инчунин сохтмони шабакаи мустақили гармидиҳӣ, нуқтаи санитарӣ, панҷара гирифтани атрофи мактаб ва дигар корҳои ободонӣ низ анӣом дода шудааст. Дар рафти татбиқи лоиҳа, инчунин барои аъзои ассотсиатсияи волидону омӯзгорони муассиса аз рӯи модулҳои тасдиқшуда омӯзишҳо гузаронида шудаанд.
Дар маросими расмии кушодашавии бинои таълимӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш, инчунин аҳолии деҳаи Советобод низ иштирок намуданд.
Аксҳои иловагӣ дар саҳифаи "Аксҳо"