Рӯзи 24 сентябри соли 2020 Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Саттор Шокирзода, деҳаи Арал, ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев, ноҳияи Восеъ бинои дуошёнаи таълимии 10 синфхона ва бинои технологии дорои 3 синфхонаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Лоиҳаҳои мазкур дар заминаи ҳамкориҳои молиявӣ байни Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурии Федеративии Германия, дар доираи маблағгузории марҳилаи чоруми Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ” амалӣ гардонида шудаанд.
Соли 2017 ҳангоми гузаронидани тадқиқот дар ноҳияи Восеъ нарасидани ҷои нишасти хонандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа арзёбӣ гардида, шумораи умумии хонандагони муассисаи мазкур дар ҳамон вақт ба 1495 нафар мерасид.
Мушкилии мавҷуда боиси он гардид, ки дар ҳудуди муассисаи зикршуда, бинои дуошёнаи таълимии 10 синфхона бо назардошти баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва бинои технологӣ барои омӯзиши хонандагон ба касбу ҳунар ва азхуд намудани малакаҳои касбҳои дуредгарӣ, харротӣ, дӯзандагию пухтупаз бунёд карда шуданд. Бояд гуфт, ки иқтидори лоиҳавии бинои асосии таълимӣ дар як баст 240 ҷои нишастро ташкил дода, синфхонаҳо бо мебели зарурӣ ва асбобу воситаҳои аёнӣ, синфхонаҳои бинои технологӣ бо таҷҳизоти зарурии дӯзандагию пухтупаз, дастгоҳҳою асбобҳо барои касбҳои дуредгарӣ ва харротӣ, инчунин техникаи электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари сохтмони биноҳои таълимӣ, тибқи лоиҳа инчунин сохтмони шабакаи мустақили гармидиҳӣ, обанбор, майдони варзишӣ, анбори хоҷагӣ, нуқтаи санитарӣ ва дигар корҳои ободонӣ дар ҳудуди муассиса иҷро гардидаанд. Дар рафти татбиқи лоиҳа барои аъзои ассотсиатсияи волидону омӯзгорони муассиса аз рӯи модулҳои тасдиқшуда омӯзишҳо низ доир карда шудаанд.
Дар маросими расмии кушодашавии биноҳои таълимӣ намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ, инчунин аҳолии деҳаи Арал иштирок намуданд.
Аксҳои иловагӣ дар саҳифаи "Аксҳо"