24 сентябри соли 2020 Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20, деҳаи Зарқалъа, ҷамоати деҳоти Зиракӣ, шаҳри Кӯлоб бинои дуошёнаи таълимии 8 синфхонаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Лоиҳаи мазкур дар заминаи ҳамкориҳои молиявӣ байни Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурии Федеративии Германия, дар доираи маблағгузории марҳилаи чоруми Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ” амалӣ гардонида шудааст.
Соли 2017 дар вақти гузаронидани тадқиқот дар шаҳри Кӯлоб нарасидани ҷои нишаст барои хонандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа арзёбӣ гардида, шумораи умумии хонандагони муассисаи мазкур дар ҳамон вақт ба 700 нафар мерасид.
Мушкилии нарасидани ҷои нишаст дар муассисаи мазкур боиси он гардид, ки барои фароҳам овардани шароити таҳсили хонандагон дар ҳудуди муассисаи зикршуда, бинои дуошёнаи таълимии 8 синфхона бо иқтидори лоиҳавии 192 ҷои нишаст дар як баст ва бо назардошти баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ сохта шуда, синфхонаҳо бо мебели зарурӣ ва асбобу воситаҳои аёнӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар баробари сохтмони бинои таълимӣ, тибқи лоиҳа, инчунин дар ҳудуди муассиса сохтмони шабакаи мустақили гармидиҳӣ, нуқтаи санитарӣ, панҷара гирифтани атрофи мактаб ва дигар корҳои ободонӣ иҷро гардидаанд. Дар рафти татбиқи лоиҳа, барои аъзои ассотсиатсияи волидону омӯзгорони муассиса аз рӯи модулҳои тасдиқшуда омӯзишҳо доир карда шуданд.
Дар маросими расмии кушодашавии бинои таълимӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб, инчунин аҳолии деҳаи Зарқалъа иштирок намуданд.
Аксҳои иловагӣ дар саҳифаи "Аксҳо"