24 сентябри соли 2020 Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, деҳаи Деҳибаланд, ҷамоати деҳоти Деҳибаланд, ноҳияи Муъминобод бинои дуошёнаи таълимии 10 синфхонаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Лоиҳаи мазкур дар заминаи ҳамкориҳои молиявӣ байни Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурии Федеративии Германия, дар доираи маблағгузории марҳилаи чоруми Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ” амалӣ карда шудааст.
Соли 2017 дар вақти гузаронидани тадқиқот дар ноҳияи Муъминобод мушкилии нарасидани ҷои нишаст барои хонандагон дар муассисаи зикршуда яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа арзёбӣ гардида, шумораи умумии хонандагони муассиса дар ҳамон вақт ба 481 нафар мерасид. Барои бартараф намудани мушкилии зикргардида ва фароҳам овардани шароити таҳсил барои хонандагон, дар ҳудуди муассиса бинои дуошёнаи таълимии 10 синфхона бо иқтидори лоиҳавии 240 ҷои нишаст дар як баст ва бо назардошти баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ сохта шуда, синфхонаҳо, хонаи омӯзгорон ва утоқи сарвар бо мебели зарурӣ ва асбобу воситаҳои аёнӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Бояд қайд кард, ки дар баробари сохтмони бинои таълимӣ, тибқи лоиҳа, инчунин дар ҳудуди муассиса сохтмони шабакаи мустақили гармидиҳӣ, нуқтаи санитарӣ, анбори хоҷагӣ, панҷара гирифтани атрофи мактаб ва дигар корҳои ободонӣ иҷро гардидаанд. Дар рафти татбиқи лоиҳа барои аъзои ассотсиатсияи волидону омӯзгорони муассиса аз рӯи модулҳои тасдиқшуда омӯзишҳо гузаронида шудаанд.
Дар маросими расмии ифтитоҳи бинои таълимӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Муъминобод, инчунин аҳолии деҳаи Деҳибаланд иштирок намуданд.
Аксҳои иловагӣ дар саҳифаи "Аксҳо"