25 сентябри соли 2020 Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, деҳаи Токак, xамоати деҳоти Ғаффор Мирзо, ноҳияи Ховалинг бинои дуошёнаи таълимии 8 синфхонаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Лоиҳаи мазкур дар заминаи ҳамкориҳои молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурии Федеративии Германия, дар доираи маблағгузории марҳилаи чоруми Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ” амалӣ гардонида шудааст.
Соли 2017 дар вақти гузаронидани тадқиқот дар ноҳияи Ховалинг нарасидани ҷои нишаст барои хонандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа арзёбӣ гардида, шумораи умумии хонандагони муассисаи мазкур дар ҳамон вақт ба 344 нафар мерасид.
Ин мушкилӣ боиси он гардид, ки дар ҳудуди муассисаи зикршуда, барои фароҳам овардани шароити таҳсили хонандагон, бинои дуошёнаи таълимии 8 синфхона бо иқтидори лоиҳавии 192 ҷои нишаст дар як баст бо назардошти баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ сохта шуда, синфхонаҳо, китобхона, хонаи омӯзгорон, утоқи сарвар бо мебели зарурӣ ва асбобу воситаҳои аёнӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари сохтмони бинои таълимӣ, тибқи лоиҳа инчунин сохтмони шабакаи мустақили гармидиҳӣ, нуқтаи санитарӣ, панҷара гирифтани атрофи мактаб ва дигар корҳои ободонӣ дар ҳудуди муассиса иҷро карда шуд. Дар рафти татбиқи лоиҳа барои аъзои ассотсиатсияи волидону омӯзгорони муассиса аз рӯи модулҳои тасдиқшуда омӯзишҳо доир карда шуданд.
Дар маросими расмии кушодашавии бинои таълимӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ховалинг, инчунин аҳолии деҳаи Токак иштирок намуданд.
Аксҳои иловагӣ дар саҳифаи "Аксҳо"