Қайд гардид, ки дар соли 2020 дар доираи татбиқи марҳилаи чоруми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» дар вилояти Хатлон дувоздаҳ лоиҳаи мактабӣ тибқи нақша, инчунин чор лоиҳаи технологӣ ва ду лоиҳа оид ба таъмиру барқарорсозӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Аз теъдоди лоиҳаҳои мактабӣ, ки ба истифода дода шудаанд, ҳафт адад 10 синфхона, се адад 8 синфхона ва ду адад 6 синфхона мебошанд, ки дар маҷмӯъ иқтидори лоиҳавии онҳо дар як баст 2544 ҷои нишастро барои хонандагон ташкил медиҳад. Ҳар як лоиҳаи технологӣ аз 3 синфхона иборат буда, бо шароити мусоид барои омӯзонидани асосҳои касбҳои дузандагӣ, пазандагӣ ва дуредгарӣ таъмин гардидаанд.
Дар мавриди «CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» зикр гардид, ки Лоиҳа дар заминаи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз 30 апрели соли 2020 оғоз шуда, аз чор қисм иборат аст. Қисми якуми ин Лоиҳа аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” амалӣ гардида, иҷрокунандаи қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми лоиҳаи мазкур Бунёди милии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон мебошад. Қисми якуми Лоиҳа ба беҳтар намудани таъминоти нерӯи барқи деҳот равона шуда, қисми дуюм сармоягузориҳо ба инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ зери идоракунии ҷомеа, қисми сеюм сафарбаркунии ҷомеа, таҳкими иқтидор ва худидоракунии маҳаллӣ ва қисми чорум идоракунӣ, мониторинг, арзёбӣ ва коммуникатсияро дарбар мегиранд.
Дар давоми нишаст доир ба мақсаду минтақаҳои фарогири «CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» маълумот пешниҳод гардида, тазаккур дода шуд, ки тирамоҳи соли гузашта дар доираи татбиқи ин лоиҳа вохӯриҳои муқаддимавӣ дар сатҳи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва деҳаҳои фарогир бо риояи тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 гузаронида шудаанд.
Дар хусуси «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» қайд карда шуд, ки ин лоиҳа дар доираи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз 08 июли соли 2020 оғоз шудааст.
Зимни гузориш доир ба мақсаду минтақаҳои фарогири «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» маълумот дода шуда, қайд гардид, ки қисми якум ба ташаббусҳои маҳаллӣ барои рушд, қисми дуюм ба ҳамгироии иҷтимоии ҷавонон ва таъмини манбаъҳои воситаҳои зиндагӣ ва қисми сеюм ба идоракунӣ, мониторинг, арзёбӣ ва робита равона мегарданд.
Пас аз гузориши муфассал, бо хабарнигорон саволу ҷавоб доир гардид, ки ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.