Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи ҳамкориҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар давраи аз 01 июли соли 2018 то 31 декабри соли 2020 марҳилаи чоруми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» дар шаҳрҳои Кӯлобу Левакант ва ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Балҷувон, Восеъ, Вахш, Данғара, Кӯшониён, Муъминобод, Ховалинг, Хуросон, Ш.Шоҳин татбиқ гардида, ба ҳолати 01 июли соли 2021 дар минтақаҳои фарогири барномаи мазкур дувоздаҳ лоиҳаи мактабӣ тибқи нақша, инчунин чор лоиҳаи технологӣ ва ду лоиҳа оид ба таъмиру барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Аз теъдоди лоиҳаҳои мактабӣ, ки ба истифода дода шудаанд, ҳафт адад 10 синфхона, се адад 8 синфхона ва ду адад 6 синфхона мебошанд, ки дар маҷмӯъ иқтидори лоиҳавии онҳо дар як баст 2544 ҷои нишастро барои хонандагон ташкил медиҳад. Ҳар як лоиҳаи технологӣ аз 3 синфхона иборат буда, бо шароити мусоид барои омӯзонидани асосҳои касбҳои дузандагӣ, пазандагӣ ва дуредгарӣ таъмин гардидаанд.
Дар мавриди «CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» қайд гардид, ки ин лоиҳа аз чор қисм иборат буда, дар заминаи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз 30 апрели соли 2020 оғоз шудааст. Иҷрои қисми якуми лоиҳа ба Муассисаи давлатии «Маркази идоракунии лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» вобаста буда, иҷрокунандаи қисмҳои дуюм, сеюму чоруми лоиҳаи мазкур Бунёди милии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон мебошад.
Зикр карда шуд, ки бо мақсади муайян намудани афзалиятҳои минтақаҳои фарогир дар доираи татбиқи «CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» давоми нимсолаи аввали соли 2021 дар якҷоягӣ бо Шарик оид ба омӯзиш ва мусоидат баргузории чорабиниҳои лоиҳавӣ оғоз гардидаанд. Дар баробари ин, аз ҷониби ташкилот оид ба хизматрасониҳои коммуникатсионӣ маводҳои иттилоотӣ бо дарҷи мақсаду қисмҳои лоиҳаи мазкур таҳия гардидаанд, ки дар рафти татбиқ ба ҷонибҳои ҳавасманд пешниҳод карда мешаванд.
Дар хусуси «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» иттилоъ дода шуд, ки ин лоиҳа аз се қисм иборат буда, дар заминаи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз 08 июли соли 2020 оғоз шудааст.
Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар доираи татбиқи «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» вохӯриҳои муқаддимавӣ дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои фарогир бо риояи тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 гузаронида шудаанд.
Инчунин, дар ин давра амалисозии нӯҳ зерлоиҳа оид ба бунёди марказҳои омӯзиши ҷавонон аз тарафи ташкилотҳои пудратӣ оғоз ёфта, аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашӣ ҳуҷҷатҳои шаш зерлоиҳаи дигар омода гардидаанд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо мақсади татбиқи самараноки барномаю лоиҳаҳо бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла вазорату кумитаҳо, инчунин бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳову ноҳияҳо ва ҷомеаи минтақаҳои фарогири лоиҳаҳо ҳамкорӣ намуда, ин ҳамкориҳо дар шакли маълумотдиҳӣ аз раванди татбиқ ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои лоиҳавӣ ифода меёбанд.