Зимни гузориш иттилоъ дода шуд, ки барои татбиқи “CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” ва “Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ” маблағҳои грантӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушди мамлакат ҷалб гардидаанд.
Зикр гардид, ки «CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» аз чор қисм иборат буда, дар заминаи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз 30 апрели соли 2020 оғоз шудааст. Иҷрои қисми якуми лоиҳа ба Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» вобаста буда, иҷрокунандаи қисмҳои дуюм, сеюму чоруми лоиҳаи мазкур Бунёди милии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷараёни нишаст гуфта шуд, ки соли 2021 чорабиниҳои лоиҳавӣ доир ба муайян намудани афзалиятҳои баҳрагирандагон дар якҷоягӣ бо Шарик оид ба омӯзиш ва мусоидат гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаи мутобиқатии афзалиятҳо бо назардошти субгрантҳои деҳаҳои фарогир рӯйхати 103 зерлоиҳа аз он ҷумла, 67 зерлоиҳа дар соҳаи маориф, 17 зерлоиҳа дар соҳаи тандурустӣ ва 19 зерлоиҳа дар дигар соҳаҳо омода карда шудааст.
Дар ин давра пас мувофиқа бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати амалисозии панҷ зерлоиҳа оид ба таъмиру барқарорсозӣ ва панҷ зерлоиҳа оид ба муҷаҳҳазгардонӣ ташкилотҳои пудратӣ ва таъминкунанда тавассути комиссияҳои лоиҳавии ҷамоатҳои дахлдор ҷалб гардидаанд.
Дар мавриди «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» зикр гардид, ки ин лоиҳа аз се қисм иборат буда, дар заминаи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз 08 июли соли 2020 оғоз шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2021 дар доираи татбиқи «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» вохӯриҳои муқаддимавӣ дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои фарогир бо риояи тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 гузаронида шудаанд.
Қайд гардид, ки мутобиқи талаботи «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» дар мувофиқа бо Бонки Умумиҷаҳонӣ дар алоҳидагӣ барои вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду Шарик оид ба омӯзиш ва мусоидат интихоб гардида, аз ҷониби Шарикон оид ба омӯзиш ва мусоидат чорабиниҳои лоиҳавӣ давра ба давра доир мегарданд.
Инчунин, дар ин давра корҳои таъмирию барқарорсозӣ дар нӯҳ зерлоиҳа оид ба бунёди марказҳои омӯзиши ҷавонон ба анҷом расида, корҳои сохтмонию васлгарӣ дар шаш зерлоиҳаи дигар аз ҷониби ташкилотҳои пудратӣ оғоз ёфтаанд.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки аз ҷониби ташкилотҳо оид ба хизматрасониҳои коммуникатсионӣ маводҳои иттилоотӣ бо дарҷи мақсаду қисмҳои лоиҳаҳои зикршуда таҳия гардидаанд ва дар рафти татбиқ ба ҷонибҳои ҳавасманд пешниҳод карда мешаванд.
Пас аз гузориши муфассал, бо хабарнигорон саволу ҷавоб доир гардид, ки ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.