Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушди мамлакат маблағҳои грантӣ барои татбиқи “CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” ва “Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ” ҷалб гардидаанд.
Тазаккур дода шуд, ки «CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» аз чор қисм иборат буда, дар заминаи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз 30 апрели соли 2020 оғоз шудааст. Иҷрои қисми якуми лоиҳа ба Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» вобаста буда, иҷрокунандаи қисмҳои дуюм, сеюму чоруми лоиҳаи мазкур Бунёди милии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон мебошад.
Зимни гузориш қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои лоиҳавӣ доир ба муайян намудани афзалиятҳои баҳрагирандагон дар якҷоягӣ бо Шарик оид ба омӯзиш ва мусоидат гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаи мутобиқатии афзалиятҳо бо назардошти субгрантҳои деҳаҳои фарогир рӯйхати 103 зерлоиҳа аз он ҷумла, 66 зерлоиҳа дар соҳаи маориф, 18 зерлоиҳа дар соҳаи тандурустӣ ва 19 зерлоиҳа дар дигар соҳаҳо омода карда шудааст.
Дар ин давра дар доираи татбиқи «CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» 17 зерлоиҳа ба анҷом расонида шуда, иҷрои 7 зерлоиҳа идома дорад. Инчунин, 26 зерлоиҳа дар марҳилаи лоиҳакашӣ буда, ҳуҷҷатҳои 5 зерлоиҳа дар ташхиси давлатӣ қарор дорад. Дар баробари ин, 26 зерлоиҳа дар марҳилаи интихобу ҷалби ташкилотҳои пудратӣ ва 22 зерлоиҳа дар марҳилаи баҳодиҳии техникӣ мебошанд.
Дар мавриди «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» баён карда шуд, ки ин лоиҳа аз се қисм иборат буда, дар заминаи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз 08 июли соли 2020 оғоз шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои лоиҳавӣ доир ба муайян намудани афзалиятҳои баҳрагирандагон дар якҷоягӣ бо Шарикон оид ба омӯзиш ва мусоидат дар вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаи мутобиқатии афзалиятҳо бо назардошти субгрантҳои ҷамоатҳои фарогир рӯйхати 54 зерлоиҳа аз он ҷумла, 22 зерлоиҳа дар соҳаи маориф, 7 зерлоиҳа дар соҳаи тандурустӣ ва 25 зерлоиҳа дар дигар соҳаҳо омода карда шудааст.
Дар ин давра дар доираи татбиқи «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» 12 зерлоиҳа дар марҳилаи интихобу ҷалби ташкилотҳои пудратӣ, 26 зерлоиҳа дар марҳилаи лоиҳакашӣ ва 16 зерлоиҳа дар марҳилаи баҳодиҳии техникӣ мебошанд.
Қайд гардид, ки ҷиҳати таъмин гардидани пойдории марказҳои омӯзиши ҷавонон рӯйхати 17 зерлоиҳа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст. Айни ҳол, иҷрои 14 зерлоиҳа барои бунёди марказҳои омӯзиши ҷавонон ба анҷом расонида шуда, иҷрои 3 зерлоиҳа идома дорад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» аз ҷониби Шарикон оид ба омӯзиш ва мусоидат дар вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабиниҳои лоиҳавӣ давра ба давра доир мегарданд.