Дар оғози нишаст зикр карда шуд, ки маблағҳои грантӣ барои татбиқи “CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” ва “Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ” дар заминаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушди мамлакат ҷалб гардида, амалисозии ин лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ аз соли 2020 идома доранд.
Тазаккур дода шуд, ки «CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» аз чор қисм иборат буда, иҷрои қисми якуми лоиҳа ба Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» вобаста аст ва иҷрокунандаи қисмҳои дуюм, сеюму чоруми лоиҳаи мазкур Бунёди милии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон мебошад.
Зимни гузориш гуфта шуд, ки дар доираи иҷрои чорабиниҳои лоиҳавӣ афзалиятҳои баҳрагирандагон муайян гардида, дар ин замина рӯйхати 103 зерлоиҳа дар соҳаҳои гуногуни самти иҷтимоӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқа шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 17 зерлоиҳа ба анҷом расонида шуда, иҷрои 56 зерлоиҳа идома дорад. Инчунин, 23 зерлоиҳа дар марҳилаи лоиҳакашӣ буда, 7 зерлоиҳа дар марҳилаи интихоби ташкилотҳои хизматрасон, пудратӣ ва таъминкунанда мебошанд.
Дар мавриди «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» қайд карда шуд, ки ин лоиҳа аз се қисм иборат буда, бо мақсади мусоидат кардан ҷиҳати иштироки фаъоли аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ баҳри беҳтар намудани сифати инфрасохтори маҳаллӣ дар ҷамоатҳои мақсаднок, васеъ намудани доираи имкониятҳо ва сарчашмаҳои воситаҳо барои зиндагии ҷавонон татбиқ мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар раванди баргузории чорабиниҳои лоиҳавӣ афзалиятҳои баҳрагирандагон муайян гардида, тибқи натиҷаи онҳо рӯйхати 106 зерлоиҳа дар соҳаҳои гуногуни самти иҷтимоӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқа гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 17 зерлоиҳа ба анҷом расонида шуда, иҷрои 24 зерлоиҳа идома дорад. Инчунин, 61 зерлоиҳа дар марҳилаи лоиҳакашӣ буда, 4 зерлоиҳа дар марҳилаи интихоби ташкилотҳои хизматрасон, пудратӣ ва таъминкунанда мебошанд.
Ҳамзамон баён карда шуд, ки ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои лоиҳавӣ оид ба ҳамгироии иҷтимоии ҷавонон ва таъмини манбаъҳои воситаҳои зиндагӣ, иҷрои 17 зерлоиҳа барои бунёди марказҳои омӯзиши ҷавонон дар мувофиқа бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуда, бо таҷҳизоти компютерӣ ва мебелу лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд.
Дар анҷоми нишаст қайд карда шуд, ки аз ҷониби ташкилотҳо оид ба хизматрасониҳои коммуникатсионӣ маводҳои иттилоотӣ бо дарҷи мақсаду қисмҳои лоиҳавӣ, инчунин маълумотҳои лоиҳавии дахлдор барои доираи васеи баҳрагирандагон барои интишор тавассути воситаҳои ахбори омма, таҳия ва ба табъ расонида шудаанд. Дар ин раванд, дар ҳудуди ҷамоатҳои фарогири лоиҳаҳои мазкур гӯшаҳои маълумотӣ насб гардидаанд, ки дар таъмини иттилоот ва робита бо баҳрагирандагон мусоидат менамоянд.
Пас аз гузориши муфассал, бо иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардид, ки ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.