Бо мақсади баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ барои ҷавонон дар доираи татбиқи «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» зерлоиҳаҳои SERSP-1C-11 «Бунёди маркази омӯзиши ҷавонон дар бинои дуошёнаи ҷамоати деҳоти Язгулом, ноҳияи Ванҷ», SERSP-1C-12 «Таъмири асосии 3 синфхона барои бунёди маркази омӯзиши ҷавонон дар бинои Маркази омӯзиши калонсолон дар ҷамоати шаҳраки Ш.Шотемур, шаҳри Хоруғ», SERSP-1C-13 «Таъмири асосии бинои Маркази таҳсилоти таълимии иловагӣ барои бунёди маркази омӯзиши ҷавонон дар деҳаи Кушк, ҷамоати деҳоти Поршнев, ноҳияи Шуғнон», SERSP-1C-14 «Азнавсозӣ ва таъмири асосии бинои ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонов барои бунёди маркази омӯзиши ҷавонон дар ноҳияи Шуғнон», SERSP-1C-15 «Бунёди маркази омӯзиши ҷавонон дар бинои дуошёнаи Маркази омӯзиши калонсолон дар ҷамоати шаҳраки Ваҳдат, ноҳияи Шуғнон», SERSP-1C-16 «Таъмири асосии бинои матбааи рӯзномаи “Зиндагӣ” барои бунёди маркази омӯзиши ҷавонон дар деҳаи Ишкошим, ҷамоати деҳоти Р.Юсуфбеков, ноҳияи Ишкошим», SERSP-1C-17 «Таъмири асосии бинои ҷамоати деҳоти А.Замиров барои бунёди маркази омӯзиши ҷавонон дар ноҳияи Ишкошим» дар моҳҳои август-марти солҳои 2021-2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Зерлоиҳаҳои мазкур дар заминаи ҳамкориҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ гардонида шуда, бо мебелу таҷҳизоти компютерӣ ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд.
Аксҳои иловагӣ дар саҳифаи "Аксҳо"