Бо мақсади баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ барои ҷавонон дар доираи татбиқи «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» зерлоиҳаҳои SERSP-1C-03 "Сохтмони бино иборат аз 3 синфхона барои бунёди маркази омӯзиши ҷавонон дар ҳудуди Литсейи касбии техникӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳана, шаҳри Кӯлоб", SERSP-1C-05 "Сохтмони бино иборат аз 3 синфхона барои бунёди маркази омӯзиши ҷавонон дар деҳаи Сомониён, ҷамоати деҳоти Турдиев, ноҳияи Ҳамадонӣ", SERSP-1C-06 "Сохтмони бино иборат аз 3 синфхона барои бунёди маркази омӯзиши ҷавонон дар ҳудуди Литсейи касбии техникӣ дар ҷамоати шаҳраки Фархор, ноҳияи Фархор", SERSP-1C-09 "Сохтмони бино иборат аз 3 синфхона барои бунёди маркази омӯзиши ҷавонон дар деҳаи Намуна, ҷамоати деҳоти Намуна, ноҳияи Панҷ" дар моҳҳои март-августи соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Зерлоиҳаҳои мазкур дар заминаи ҳамкориҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ гардонида шуда, бо мебелу таҷҳизоти компютерӣ ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд.
Аксҳои иловагӣ дар саҳифаи "Аксҳо"