1 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро мавриди истифода қарор доданд. Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Панҷ бо дастгириҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Иншооти номбурда аз ду ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои таълимӣ, компютерӣ, пазандагӣ, рассомӣ, лингафонӣ, дӯзандагӣ, маҷлисгоҳ, китобхона ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад, ки бо мебелу таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд.
Бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Панҷ мувофиқи зерлоиҳаи SERSP-1C-08 дар доираи татбиқи «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» амалӣ шудааст.
http://prezident.tj/node/29469
Аксҳои иловагӣ дар саҳифаи "Аксҳо"