Ташкилотҳои ғайрирасмӣ
КРҶ – шарики бовариноки БМИМТ
БМИМТ барои кори барномавии худ, ташкилот дар ҷамоаҳо кумитаҳои рушди ҷамоавӣ (КРҶ) таъсис медиҳад. КРҶ чист? Дар дастури амалиётии БМИМТ ин мафҳум чунин шарҳ дода шудааст: Кумитаи рушди ҷамоавӣ (КРҶ) – ин як гурӯҳи аъзоёни ҷамоа буда, дар маҷлиси умумии ҷамоа, барои омода сохтан, иҷро намудан, назорат бурдан аз болои лоиҳа, нигоҳдорӣ ва истифодабарии он (таъмини пойдории он) барои рушди ояндаи натиҷаҳои лоиҳа интихоб мегардад.
БМИМТ дар тӯли фаъолияти худ аз ҷумлаи чунин кумитаҳои рушди ҷамоавӣ зиёда аз 300 шарики ҳамкор таъсис дод. Ҳамчунин дар байни ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ (чи маҳаллӣ ва чи байналмилалӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои пудратӣ ва ғайра) низ чунин шарикони ҳамкорро пайдо намуд. Дар байни инҳо аз ҳама наздик КРҶ ба ҳисоб меравад. Акнун саволе ба миён меояд, ки барои чӣ КРҶ, на ташкилотҳои дигар? Чунки БМИМТ ин кумитаҳои рушди ҷамоавиро дар маҳалҳо худаш таъсис медиҳад ва тӯли солҳои дароз дар фаъолияти худ бо онҳо алоқаи зич нигоҳ медорад. Иҷроиши лоиҳаҳои хурд дар барқароркунӣ ва рушди инфрасохторҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ барои ҷамоаҳои камбизоат – ин яке аз вазифаҳои БМИМТ ба шумор меравад, аммо таъмини пойдории лоиҳа – мақсади асосии ташкилот маҳсуб меёбад. Барои ин Бунёди Миллӣ аз сокинони маҳаллае, ки он ҷо лоиҳа татбиқ мешавад, ташкилотҳои ҷамоавӣ (КРҶ) таъсис дода, меомӯзонад ва барои худ шарикони боваринокро тайёр менамояд.
Стратегияи БМИМТ дар навбати аввал барои таъсис додан ва таҳкими рушди устувори ҷамоаҳо равона шудааст ва аз ҳамин лиҳоз татбиқи лоиҳаҳои хурд ва омӯзиши ҷамоаҳо байни худ алоқаманданд ва аз якдигар вобастаанд. Татбиқи лоиҳаҳои хурд дар ҷамоаҳо - ин воситаи рушди малакаю дониши аъзоёни ҷамоаҳо буда, дар шакли як мисолест, ки дар оянда худи сокинон чи гуна ҳалли мушкилиҳояшонро баррасӣ мекунанд. Аммо омӯзиш бошад, донишҳои наву малакаҳоро ба ҳалли бомуваффақияти масъалаҳо ва иҷроиши лоиҳаҳо оварда мерасонад. Оиди кумитаҳои рушди ҷамоавӣ метавонем бисёр мисолҳо биёрем, ки КРҶ ва аъзоёни ҷамоа баъди татбиқи лоиҳаи хурди БМИМТ, дигар мушкилиҳои худро бо роҳи тайёр кардани лоиҳа тавассути маблағгузории ташкилотҳои дигар мустақилона ҳал ва татбиқ намоянд.
Дар давраи татбиқи Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки БМИМТ агенти иҷроияи он ба ҳисоб мерафт, дар таъсис ва рушди ташкилотҳои ҷамоавии ғайрирасмӣ – кумитаҳои ҷамоавӣ корҳои зиёдеро анҷом дод. Даҳҳо кумитаҳо ва ташкилотҳо, ки бо дастгирии БМИМТ дар тӯли солҳо таъсис дода шуда буданд, ба сифати агентии иҷроияи лоиҳаҳои хурд ҷалб карда шуданд. Бояд қайд кард, ки на ҳамаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки мехоҳанд бо БМИМТ кор кунанд, қобилияти бо усулҳои нав кор карданро доранд, чунки бисёрии онҳо барои фаъолияти якҷоя захираю иқтидори лозимаро надоранд. БМИМТ доимо фаъолияти худро дар соҳаи рушди институтсионалии шарикони ҳамкор бо роҳи гузарондани семинарҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳо, ҳамчунин таҳкими фаъолияти нашриётӣ ва интишори маводи видеоӣ ҷоннок мегардонад ва бо ҳамин роҳ кӯшиш мекунад, ки сифати корҳои ташкилотҳои ҷамоавиро дар сатҳи ҳамкорони ҳақиқӣ беҳтар намояд.
Бунёди Миллӣ гузарондани семинару омӯзишҳоро барои КРҶ бо мақсади баланд бардоштани мутахассисони маҳаллӣ пешбинӣ мекунад. Омӯзишҳою семинарҳо чи дар дохили мамлакат ва чи берун аз он, инчунин бо роҳи ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои омӯзиш гузаронда мешавад. Бо ин материал мо таҳти рубрикаи «Шарикони ҳамкори мо», оиди фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятие, ки бо мушкилиҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар қаламрави кишвар машғуланд, саҳифаи нав мекушоем. Аз ин хотир, материалҳои худро ба мо ирсол намоед.