kfwII-23 «Сохтмони бинои таълимии 8 синфхона дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №50, деҳаи Навоӣ ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав, ноҳияи Ёвон».
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 деҳаи Навоии, ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав ноҳияи Ёвон рӯзи 23 августи соли 2012 бинои нави таълимии 8 синфхона бо истифода аз неруи барқароршавандаи табиӣ истифода бурда, мавриди баҳрабардорӣ қабул шудаааст.
Дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ” ин дуюм бинои таълимӣ дар ноҳияи Ёвон мебошад, ки пешкаши толибилмон гардидааст.
Дар ин бинои таълимӣ системаи гармидиҳии мустақил ҷорӣ карда шудааст.
Инчунин, бинои таълимӣ бо системаи гармидиҳии иловагӣ истифода аз нерӯи замин ва офтоб, ҳамчун воситаи ёридиҳанда барои нигоҳ доштани ҳарорати муътадили синфхонаҳо дар мавсимҳои гузаранда (тирамоҳ, баҳор) мебошад, ҷиҳозонида шудааст.