kfwII-19 «Сохтмони бинои таълимии 8-синфхона дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №31, деҳаи Чирикчӣ, ҷамоати деҳоти Худойқулов, ноҳияи Қубодиён»
Дар арафаи соли нави хониш рӯзи 22 августи соли 2012 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №31 деҳаи Чирикчии ҷамоати деҳоти Худойқулови ноҳияи Қубодиён маросими баистифодадиҳии бинои нави таълимии 8 синфхона доир гардид.
Лоиҳаи мазкур дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ” амалӣ шудааст.

Ин бинои таълимӣ дорои системаи гармидиҳии мустақил буда, бо системаи гармидиҳии иловагӣ истифода аз нерӯи офтоб, ҳамчун воситаи ёридиҳанда барои нигоҳ доштани ҳарорати муътадили синфхонаҳо дар мавсимҳои гузаранда (тирамоҳ, баҳор) мебошад, ҷиҳозонида шудааст.