Лоиҳаҳои сарфаҷӯёна
Мувофиқи ёддошти тафоҳум байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) аз 03 декабри соли 2009 дар доираи ҳамкории молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон,
Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ» (марҳилаи II) дар бахши амалӣ намудани нақшаи алтернативии истеҳсоли қувваи барқу гармӣ аз нерӯи табиат ва истифодаи он дар лоиҳаҳои мактабии БМИМТ, мутахассиси Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) Ёҳаннес Краузе аз моҳи апрели соли 2011 то охири моҳи декабри соли 2013 оиди ин лоиҳаи таҷрибавӣ кор бурдааст. Тибқи нақша барои 5 лоиҳаи мактабӣ аз нерӯи офтобу гармии замин истифода бурда мешавад.
Бо истифодаи системаи гармидиҳии иловагӣ аз замин ва офтоб:
kfwII-23 «Сохтмони бинои таълимии 8-синфхона дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №50, деҳаи Навоӣ, ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав, ноҳияи Ёвон»
Бо истифодаи системаи гармидиҳии иловагӣ аз офтоб:
kfwII-05 «Сохтмони бинои таълимии 8-синфхона дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №38, деҳаи Пахтаобод, ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, ноҳияи Хуросон»;
Бо истифодаи системаи гармидиҳӣ аз офтоб ва самаринокии нерӯи бино:
kfwII-39 «Сохтмони бинои таълимии 8-синфхона дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №41, деҳаи Чоргул, ҷамоати деҳоти Зафар, ноҳияи Фархор»;
БМИМТ дар доираи татбиқи марҳилаи II Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ» бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои таҷрибавӣ дар самти истифода бурдани неруҳои табиӣ ба Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ҳамкорӣ намудааст.