Лоиҳаҳои технологӣ

Дар доираи татбиқи марҳилаи сеюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» ва Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» бунёди синфхонаҳои таълими меҳнат пешбинӣ шуда, лоиҳаи «Сохтмони бинои синфҳои технологӣ» ҳамчун лоиҳаи намунавӣ дар муассисаҳои таълимии зерин татбиқ гардидаанд:
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38, деҳаи Пахтаобод, ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, ноҳияи Хуросон (kfwII-05);
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41, деҳаи Чоргул, ҷамоати деҳоти Зафар, ноҳияи Фархор (kfwII-39);
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, деҳаи Мирзообод, ҷамоати деҳоти Калинин, ноҳияи А.Ҷомӣ (kfwIII-01);
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22, деҳаи Ленин, ҷамоати деҳоти Киров, ноҳияи Вахш (kfwIII-05);
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, деҳаи Чорбоғ, ҷамоати деҳоти С.Амиршоев, ноҳияи Балҷувон (kfwIII-10);
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11, деҳаи Тутқавул, ҷамоати деҳоти Деҳбаланд, ноҳияи Муъминобод (kfwIII-12);
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Каромат, ҷамоати деҳоти И.Шарифов, ноҳияи Данғара (kfwIII-15)
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, деҳаи Сари пул, ҷамоати деҳоти Нушор, ноҳияи Тоҷикобод (БР-06);
- Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, деҳаи Навобод, ҷамоати деҳоти Навобод, ноҳияи Рашт (БР-08).
Дар биноҳои интихобшудаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, деҳаи Чароғчӣ, ҷамоати деҳоти Озодӣ, ноҳияи Ёвон (kfwII-24) ва Мактаб-литсеи №1, шаҳраки Москва, ноҳияи Ҳамадонӣ (kfwII-34) синфхонаҳо барои дарсҳои таълими меҳнат таъмир гардида бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудаанд.